Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА ҷавонон, шахсони мӯътабари ҷомеа ва мутахассисони варзидаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои баррасии баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ҷамъ меорад
Publishing date: 24 апрел 2024
Content type: News
Where we are: OSCE Secretariat, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Ҷавонон
Рӯзҳои 23 ва 24 апрел Раёсати таҳдидҳои фаромиллии САҲА ва Дафтари Ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо ҷавонон, шахсони мӯътабар ва мутахассисони варзидаи ҳукуматӣ барои муҳокима кардани роҳҳои истифода бурдани васоити ахбори иҷтимоӣ ҳамчун платформа барои баланд бардоштани огоҳӣ ва устувории ҷавонон барои худдорӣ намудан аз иштирок дар ҷиноят семинарҳои гуногунҷанба доир намуданд.
САҲА даври 5-уми мониторинги Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсия аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дастгирӣ мекунад
Publishing date: 19 апрел 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Идоракунии самарабахш
19 апрели соли 2024, дар заминаи баррасии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи даври 5-уми мониторинги Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсия, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе сафари гурӯҳи нозирони Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба Душанбе дастгирӣ намуд.
САҲА лексияи стандартҳои байналмилалии мубориза бо коррупсияро барои донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ дастгирӣ кард
Publishing date: 18 апрел 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Идоракунии самарабахш
18 апрели соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи маъракаи огоҳсозии зидди коррупсия дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як лексияро оид ба мубориза бо коррупсия дастгирӣ намуд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аз ҷаласаи Шӯрои ҳавзаи дарёи Қофарниҳон пуштибонӣ кард
Publishing date: 17 апрел 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
17 апрели соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷаласаи 4-уми Шӯрои ҳавзаи дарёи Қофарниҳон як чорабинии нимрӯза баргузор намуд.
САҲА сафари омӯзишӣ ба Гурҷистон барои мансабдорони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии минтақаҳои ҳифзшавандаро дастгирӣ кард
Publishing date: 22 март 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
Аз 17 то 22 марти соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои панҷ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари омӯзиширо ба Гурҷистон ташкил кард.
САҲА дар чорчӯбаи лоиҳаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, курси таълимии таъмини бехатарӣ ҳангоми тармафароиро ба анҷом расонд
Publishing date: 15 март 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
15 марти соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ноҳияи Варзоб дар наздикии шаҳри Душанбе курси таълимии баланд бардоштани тавонмандӣ барои таъмини бехатарӣ ҳангоми тармафароӣ барои намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонд.
САҲА нахустин нишасти онлайни шӯрои байналмилалии омӯзиширо оид ба хатарҳои лавозимоти нотаркида дастгирӣ кард
Publishing date: 15 март 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа
15 марти соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи барномаи «Ҳамкории фарогир оид ба хатарҳои лавозимоти нотаркида (ICExH)» ҷаласаи 1-уми Шӯрои байналмилалии таълимии онлайнро барои сохторҳои дахлдори ҳукуматии Осиёи Марказӣ ва амалиёти саҳроии САҲА дар Осиёи Марказӣ ташкил намуд.