Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена баромад кард
Publishing date: 14 феврал 2018
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
12 феврали соли 2018 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар ш. Вена (Австрия), ки дар он намояндагони кишварон-иштирокчиёни САҲА ширкат доштанд, суханронӣ намуд. Ба ин ҷаласа Вазир Рамазон Раҳимзода аз тарафи Котиби генералии САҲА Томас Гремингер ва раиси амалкунандаи (аз тарафи Испания) Кумитаи амнияти САҲА, сафир Виктория Гонсалес Роман даъват шуда буд.
Баргузории семинар оид ба мубориза бо зӯроварӣ дар оила дар ноҳияи Хуросони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Publishing date: 2 феврал 2018
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Баробарии гендерӣ, Волоияти қонун
2 феврали соли 2018 дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон семинари якрӯза барои гурӯҳи кории байнисоҳавӣ, ки бо масъалаҳои зӯроварӣ дар оила кор мебарад, баргузор гардид. Ин чорабинӣ аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд...
Мулоқоти Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Publishing date: 7 июл 2017
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 7 июли соли 2017 – Сафир Туула Юрёля, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов Сироҷидин Мухридинович вохӯрд. Ҳангоми вохӯрӣ Сафир Юрёля оид ба тағйири мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдили Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» аз 1 июли соли 2017, ки тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА 1251 пешбинӣ шуда буд, иттилоъ дод...
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолияти худро аз 1 июли соли 2017 оғоз менамояд
Publishing date: 1 июн 2017
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: OSCE Chairmanship, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо
ВЕНА, 1 июни соли 2017 – Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА, ки имрӯз дар ш. Вена қабул гардид, аз 1 июли соли 2017 мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода мешавад ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» табдил хоҳад ёфт...
Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба 18 Маркази захиравии занон дар ноҳияҳои дурдаст кӯмакрасониро давом хоҳад дод
Publishing date: 3 март 2017
3 марти соли 2017 Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Марказҳои захиравии занон (МЗЗ), ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ меёбанд, шартномаи навро оид ба амалигардонии лоиҳаҳо дар самти МЗЗ барои соли 2017 ба имзо расонданд. Маросими баимзорасии шартнома дар бинои Маркази захиравии занони ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон баргузор гардид...
Шӯрои доимии САҲА мандати Дафтари САҲА дар Тоҷикистонро тамдид кард
Publishing date: 2 март 2017
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: OSCE Chairmanship, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо
ВЕНА, 2 марти соли 2017 – Бо қарори Шӯрои доимии САҲА дар ш. Вена мандати Дафтари САҲА дар Тоҷикистон то 30 июни соли 2017 тамдид гардид...
Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ҷаласаи муштарак дар мавриди масъалаҳои бешаҳрвандӣ баргузор намуданд
Publishing date: 5 октябр 2016
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
ШАҲРИТУС, Тоҷикистон, 5 октябри соли 2016 – Имрӯз дар Шаҳритус ҷаласаи машваратии ҳамоҳангсозӣ оид ба масоили бешаҳрвандӣ, ки аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Дафтар дар Тоҷикистон (САҲА) дар якҷоягӣ бо Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ташкил шуда буд, доир гардид...