Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳои экологӣ дар ҷаласаи солонаи Марказҳои Орхус 2023
Publishing date: 19 октябр 2023
Content type: News
Where we are: Office of the Co-ordinator of OSCE Economic and Environmental Activities, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
Нақши марказҳои Орхус дар ташвиқу тарғиби иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳои экологӣ, гузариш ба иқтисоди сабз ва идоракунии партовҳои хатарнок ва заҳролуд дар Ҷаласаи солонаи Марказҳои Орхус 2023, ки рӯзҳои 17 ва 18 октябр дар Душанбе ва онлайн баргузор шуд, дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
САҲА мизи мудавварро оид ба мониторинги ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия дастгирӣ кард
Publishing date: 18 октябр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Идоракунии самарабахш
18 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) як мизи мудавварро барои муаррифӣ ва муҳокимаи натиҷаҳо ва тавсияҳои чор гузориши мониторингии коршиносони миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ (ду зан ва ду мард) омода намуд.
САҲА курси таълимии маблағгузоринамудаи Иттиҳоди Аврупо оид ба амалиёти наҷотдиҳӣ дар обҳои рӯизаминиро ба анҷом расонд
Publishing date: 14 октябр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
14 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) курси таълимии дуҳафтаинаро дар мавзӯи “Амалиёти наҷотдиҳӣ дар обҳои рӯизаминӣ” барои намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба анҷом расонд.
САҲА барои пешбурди ҳуқуқи шахсони дорои маълулият автомарафонро дастгирӣ мекунад
Publishing date: 13 октябр 2023
Аз 9 то 13 октябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо ҳашт созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бо шахсони дорои маълулият ва шаҳрдории маҳаллӣ кор мекунанд, гузаронидани автомарафонро дар вилояти Хатлон дастгирӣ карданд.
САҲА кӯшишҳои беҳтар кардани баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
Publishing date: 12 октябр 2023
12 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба рафъи таассубҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оиларо баргузор намуд. Чорабинии аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президент ташкил карда шуда дар шаҳри Душанбе баргузор шуда дар он 40 нафар (24 зану 16 мард) намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
САҲА ҷавонон ва созмонҳои байналмилалиро барои таҷлили Рӯзи байналмилалии духтарбачагон гирди ҳам овард
Publishing date: 11 октябр 2023
11 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) мизи мудаввари якрӯзаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарбачагон дастгирӣ намуд. Дар чорабинӣ ҳудуди 55 ҷавони фаъол, аъзои Эътилофи “Де-юре де-факто” ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Душанбе ва минтақаҳо гирди ҳам омаданд.
САҲА ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба обёрӣ ва заҳбуриро дастгирӣ мекунад
Publishing date: 10 октябр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
10 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Агентии мелиоратсия ва обёрӣ бахшида ба 10-умин ҷаласаи Комиссияи миллӣ оид ба обёрӣ ва заҳбурӣ чорабинии якрӯза баргузор намуд. Дар вохӯрӣ ҳамагӣ 70 нафар намояндагони ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалӣ, аъзои Комиссияи миллӣ оид ба обёрӣ ва заҳбурӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муассисаҳои илмӣ ва мутахассисони ҷавони соҳаи об ширкат варзиданд.