Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА омӯзишро оид ба таҳлили иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ доир менамояд
Publishing date: 29 сентябр 2023
Аз 18 то 29 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) курси дуҳафтаинаи таълимиро оид ба таҳлили иттилоот ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар сарҳадбонӣ баргузор намуд. Дар курси таълимие, ки дар маркази таълимии “Пойтахт”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, 20 афсари воҳидҳои таҳлилии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
САҲА оид ба дастгирии ҳуқуқӣ ба наҷотёфтагон аз зӯроварӣ дар оила омӯзиш баргузор мекунад
Publishing date: 29 сентябр 2023
Аз 25 то 29 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) барои ҳуқуқшиносони Марказҳои захиравии занони дастгиринамудаи САҲА (МЗЗ) ва мақомоти маҳаллӣ як курси таълимии панҷрӯза ташкил намуд. Ин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он дар маҷмӯъ 23 ҳуқуқшинос аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҳадафи ин курс омӯзонидани иштирокчиён оид ба тарзи расонидани машварати ҳуқуқӣ ва кӯмаки ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва шахсони мавриди хатари дучор шудан ба зӯроварӣ дар оила қарордошта буд.
САҲА оид ба дастгирии равонӣ ба наҷотёфтагон аз зӯроварӣ дар оила омӯзиш доир менамояд
Publishing date: 29 сентябр 2023
Аз 25 то 29 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) курси панҷрӯзаи таълимиро барои равоншиносони Марказҳои захиравии занон бо дастгирии САҲА ва мақомоти маҳаллӣ баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ 23 зани равоншинос аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Занону мардони ҷавон аз Осиёи Марказӣ дар Модели САҲА дар Истамбул таҷрибаи дипломатиро омӯхтанд
Publishing date: 28 сентябр 2023
Content type: News
Where we are: OSCE Secretariat, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Ҷавонон
Аз 25 то 29 сентябри соли 2023, 25 нафар мутахассисони ҷавон аз Осиёи Марказӣ имкон пайдо карданд, ки дар бораи САҲА маълумот гиранд ва бо таҷрибаи доир намудани гуфтушунидҳои дипломатӣ тавассути гузаронидани ҷаласаҳои тақлидии Шӯрои доимии САҲА дар чаҳорчӯби чорабинии “Модели САҲА 2023” шинос шаванд.
САҲА пахши барномаҳоро оид ба беҳтар намудани муносибатҳои ҷомеа ва милитсия дастгирӣ кард
Publishing date: 28 сентябр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
28 сентябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дастгирии худро дар шакли доир намудани мусоҳибаҳои телевизионӣ бахшида ба мавзӯи «Қонун дар бораи иштироки ҷомеа дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» пешкаш намуд.
САҲА ба наҷотдиҳандагони тоҷик банақшагирӣ ва истифодаи қароргоҳҳои гурезагонро таълим медиҳад
Publishing date: 24 сентябр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
24 сентябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) барои 20 нафар наҷотдиҳандагони тоҷик аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии дуҳафтаинаро ба анҷом расонд. Курси таълимии «Банақшагирӣ ва истифодабарии қароргоҳҳои гурезагон ва муҳоҷирони дохилӣ» дар деҳаи Золизари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (вилояти Хатлон) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
САҲА чорабиниҳои варзиширо барои ҷалби ҷавонон ва мусоидат ба ҳамкории ҷомеа ва милитсия дастгирӣ кард
Publishing date: 23 сентябр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Аз моҳи апрел то сентябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳ) Шӯроҳои ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилиро дар гузаронидани як қатор ташаббусҳои варзишӣ, озмунҳо ва мусобиқаҳо дастгирӣ намуд. Чорабиниҳо дар 24 ноҳияи вилояти Суғд ва минтақаи Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, рӯзи 23 сентябр ба анҷом расиданд.