Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Иттиҳоди Аврупо ва САҲА Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 30-умин солгарди таъсиси онҳо табрик мекунанд
Publishing date: 28 май 2024
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-умин солгарди таъсиси онҳо, ки марҳилаи муҳим дар ҳифзи амнияти кишвар ба шумор меравад, табрикоти самимии худро мерасонанд.
САҲА ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизот ҳадя кард
Publishing date: 8 май 2024
8 майи соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе таҷҳизот ҳадя кард.
САҲА курси дуюми таълими роҳбаладон барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонд
Publishing date: 15 декабр 2023
15 декабри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси дуюми таълими роҳбаладонро барои 19 афсари Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон анҷом дод.
САҲА курси дуюми таълимии банақшагирии амалиётии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонд
Publishing date: 24 ноябр 2023
24 ноябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси дуюми таълимии банақшагирии амалиётиро барои 22 нафар афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон анҷом дод.
САҲА ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳо ва таҷҳизоти маблағгузорнамудаи Иттиҳоди Аврупоро тақдим кард
Publishing date: 24 октябр 2023
24 октябри соли 2023 Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузоришудаи САҲА бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин карда шуданд.
САҲА омӯзишро оид ба таҳлили иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ доир менамояд
Publishing date: 29 сентябр 2023
Аз 18 то 29 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) курси дуҳафтаинаи таълимиро оид ба таҳлили иттилоот ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар сарҳадбонӣ баргузор намуд. Дар курси таълимие, ки дар маркази таълимии “Пойтахт”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, 20 афсари воҳидҳои таҳлилии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Курси таълимии САҲА ба сарҳадбонони тоҷик дар такмили малакаҳои ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад
Publishing date: 15 сентябр 2023
15 сентябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон курси якмоҳаи таълимии “Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо» (SFOC) хотима бахшид. Курс аз ҷониби коршиноси миллӣ бо дастгирии ёварони таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки ба истифодаи таҷрибаи маҳаллӣ ва баланд бардоштани иқтидори устувори дохилии таълимӣ имкониият дод.